Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли болоравии нархи нон дар Узбекистон


Ҳукумати Узбекистон нақша дорад, имсол дар он кишвар назар ба соли гузашта беш аз 1 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки нархи орд дар бозорҳои Узбекистон якбора боло рафтааст. Иҷрои қарори ҳукумат дар арафаи ҷамъоварии ғалла боиси боз ҳам баланд шудани нарх хоҳад шуд.

Мақомоти Узбекистон тасмим гирифтаанд, имсол дар 1 миллиону 27 ҳазор ҳектар замин гандум коранд.

Вазорати кишоварзии Узбекистон моҳи марти имсол гузориш дода буд, ки қарор аст, моҳҳои июн ва июли имсол дар он кишвар 7 миллиону 679 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шавад, ки назар ба соли гузашта 1 миллион тонна бештар аст.

XS
SM
MD
LG