Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ним миллион кас тамоку мекашидаанд


Тарабхонае дар шаҳри Бағдоди Ироқ. Соли 2014
Тарабхонае дар шаҳри Бағдоди Ироқ. Соли 2014

Бо ташаббуси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 31-уми май рӯзи бидуни тамоку эълон шудааст.

Дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2018 қонуне ба иҷро даромад, ки сигоркаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад. Айни замон чилимкашӣ ё “шиша” зиёд шудааст, ки, ба қавли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ба гурӯҳи тамоку дохил мешавад.

Дар Тоҷикистон нуқтаҳои чилимкашӣ дар назди тарабхонаву муассисаҳои тафреҳӣ зиёд мешавад ва дар миёни муштариёни онҳо духтарону занон ҳам кам нестанд.

Бар асоси омори расмии соли 2018, дар Тоҷикистон беш аз ним миллион тамокукаш ҳисоб шудааст.

Табибон ҳушдор медиҳанд, ки тамокукашӣ ба саломатии инсон зиёни ҷиддӣ дорад ва боиси фишорбаландӣ, саратон ё сактаи дил мешавад.

XS
SM
MD
LG