Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Русия ба Северодонетск наздик шудаанд


Сарбози украинӣ дар шаҳри Лисичанск
Сарбози украинӣ дар шаҳри Лисичанск

Субҳи 31-уми май нерӯҳои Русия ба маркази шаҳри Северодонетск, воқеъ дар шарқи Украина, наздик шудаанд.

Тибқи гузоришҳои расида бархӯрдҳо дар кӯчаҳои марказии ин шарҳ ҷараён доранд. Президенти Украина Владимир Зеленский мегӯяд, вазъ дар минтақаи Донбас, ки бо бомбаборони пайвастаи нерӯҳои Русия мувоҷеҳ мебошад, хеле вазнин аст.

Раҳбарони 27 кишвари аврупоӣ шоми 30-юми май розӣ шуданд, ки ҳамчун ҷазои Русия барои ҷангаш зидди Украина аз се ду қисми нафти содиротии Русияро таҳрим кунанд.

Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо, гуфт, таҳрим танҳо ба нафте марбут мешавад, ки аз роҳҳои баҳрӣ мерасад ва оне, ки аз роҳи лӯлаи нафтӣ интиқол меёбад, бетағйир мемонад.

Мишел гуфт, созише, ки ба он раҳбарони аврупоӣ розӣ шуданд, “ба манбаи сармоягузории мошини ҷанг” осеб мерасонад.

Инчунин, раҳбарони аврупоӣ ба мувофиқа омаданд, ки "Сбербанк"-и Русияро аз низоми байнулмилалии SWIFT маҳрум карда, се шабакаи давлатии хабаррасони ин кишварро ҳам таҳрим кунанд.

XS
SM
MD
LG