Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи чанд телевизиони Русия дар Туркманистону Қирғизистон қатъ шуд


Дар Қирғизистон ва Туркманистон чандин шабакаи телевизионҳои русӣ дастнорас шуданд.

Ширкатҳои моҳвораӣ мутобиқ ба талаботи таҳримҳои байнулмилалии зидди Русия барои шурӯи ҷанг дар Украина мавҷи ин телевизионҳоро қатъ карданд.

Дар Туркманистон ширкати мухобиротии азими ASTU ё Шабакаи телефонҳои шаҳрии Ишқобод гуфт, талош дорад, пахши барномаҳои телевизионҳои русии "Звезда" ва "Россия один"-ро тавассути роҳҳои дигар барқарор кунад.

Дар Қирғизистон шабакаи маҳаллии телевизионии Акнет гуфт, телевизионҳои русии "Звезда", "Россия 24", "Россия. Культура" аз 27-уми май ба ин сӯ дастнорасанд.

XS
SM
MD
LG