Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский мегӯяд, интизори "хабари хуш" аст


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти Украина, дар як паёми видеоӣ гуфт, дар мавриди интиқоли бастаҳои нави силоҳ ба кишвараш дар ҳафтаи оянда интизори "хабари хуш" аст.

"Мо ҳар рӯз барои қавӣ кардани бахши дифоии худ кор мекунем. Ин пеш аз ҳама таъмин бо яроқу аслиҳа аст. Ба зудӣ артиши мо ба ишғолгарон зарба хоҳад зад. Албатта, бисёр чиз ба шарикон вобаста аст," -- афзуд ӯ рӯзи 28-уми май.

Зеленский таъкид кард, ки силоҳҳо барои монеъ шудан ба пешравии нерӯҳои Русия, бахусус дар шарқи Украина, заруранд. "Вазъият хеле душвор аст. Хусусан дар он минтақаҳои Донбас ва вилояти Харков, ки артиши Русия кӯшиш дорад натиҷае ба даст биорад," -- гуфт ӯ.

Раҳбари Украина минтақаҳои Северодонетск, Лисичанск, Бахмут, Попасна ва шаҳрҳои дигарро, ки ҳамлаи Русия дар онҷо бештар шудааст, самтҳои асосии мубориза номид.

Владимир Зеленский ният дорад, ҳафтаи оянда ба порлумони кишварҳои аврупоӣ муроҷиат кунад. Аз ҷумла, дар ҷаласаи Шӯрои Аврупо, ки рӯзҳои 30-31-уми май баргузор хоҳад шуд.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар ҳоле ки Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз номиданд, Маскав "амалиёти махсус барои ғайринизомӣ кардани Украина" ва дертар "ҳимояи Донбас" донист.

XS
SM
MD
LG