Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон тазоҳургарон дар Ободонро пароканда карданд


Demanstration in Abadan, Iran
Demanstration in Abadan, Iran

Неруҳои амниятӣ дар Эрон бо тирандозӣ ба ҳаво ва истифода аз гази ашковар тазоҳургарон дар шаҳри ҷанубуғарбии Ободонро пароканда кардаанд, ки дар онҷо як биное фӯру рехт ва 28 нафарро кушт.

Фурӯ рехтани як қисми бинои 10 табақаӣ ва нимасохтаи Метропол яке фалокатҳои маргбор дар чанд соли ахир аст. Бино ба гузориши расонаҳои эронӣ, тазоҳурот шаби саввум ҳам дар вилояти Ободон ва дигар шаҳрҳои вилояти ҳаммарз бо Ироқ идома кардааст.

Хабаргузории Форс навиштааст, неруҳои амниятӣ дар Ободон “бо истифода аз гази ашковар ва тирандозӣ ба ҳаво садҳо тазоҳургарро пароканда карданд, ки барои сӯгвории ҷонбохтагон ва талаби ҷазо барои гунаҳкорон ҷамъ омада буданд.”

Тазоҳургарон марг бар мақомоти номасъул” шиор медоданд. Тазоҳурот ҳамчунин дар шаҳри Бандари Моҳшаҳр, Исфаҳон, Язд ва Шоҳиншаҳр сурат гирифтааст. Аҳмад Ваҳидӣ, вазири умури дохилии Эрон рӯзи 28-уми май гуфт, ҷасади ду нафари дигарро аз зери харобаҳо берун овардаанд.

XS
SM
MD
LG