Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон гуфтааст, марзи ноустувор як сабаби ҷанги дохилӣ шуд


Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз як воҳиди низомии Раёсати неруҳои марзбонӣ.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз як воҳиди низомии Раёсати неруҳои марзбонӣ.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, яке аз сабабҳои сар задани ҷанги харобиовари дохилӣ дар солҳои 90-ум муҳофизати нокомили марзҳои кишвар буд.

Ӯ дар суханроние бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси неруҳои марзбонӣ гуфтааст, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва солҳои аввали истиқлол: “Душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон бо истифода аз чунин вазъи нобасомон ба қаламрави кишвари мо аз роҳи қочоқ силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, бо пуштибонии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ва дастгирии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд, ки барои сокинони мамлакат фоҷиаи бузург гардид.”

Дар ҷанги дохилӣ, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, бештар аз 100 ҳазор нафар кушта ва бештар аз як миллион нафар паноҳанда шуданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар як маркази омӯзишии марзбонони тоҷик дар Душанбе гуфтааст, сарҳадбонони тоҷик, ки марзи 1300 километрӣ бо Афғонистони ноором ва яке аз содиркунандагони аслии маводи мухаддир дар ҷаҳонро посбонӣ мекунанд, на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа ва Иттиҳоди Аврупо аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, “аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилливу фаромарзӣ ҳимоя мекунанд.”

Дар гузашта чанде аз афсарони неруҳои марзбонии тоҷикро барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ кардаанд. Рӯзе пештар аз ин Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз қисмҳои низомии Раёсати неруҳои марзбонии Тоҷикистон рафт, ки дар наздикии сарҳади Афғонистон ҷойгир шудаанд. Таҷлил аз 28-умин солгарди таъсиси неруҳои марзбонии Тоҷикистон 21 рӯз баъд аз он сурат мегирад, ҳалқаи Хуросони гуруҳи ДОИШ дар як баёнияе масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави Тоҷикистонро бар уҳда гирифт, ҳарчанд Кумитаи амнияти миллӣ гуфт, аз 2 то 7 мушак тасодуфан ва дар натиҷаи ҷанги Толибон бо гуруҳҳои террористӣ ба қаламрави Тоҷикистон афтодаанд.

XS
SM
MD
LG