Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон марафони дав баргузор мекунад


Мина Гули, шаҳрванди Австралия, тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 марафони дав баргузор кунад, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати марафони дав дар Тоҷикистон аз 15-ум май то 10-уми июнро дар бар мегирад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан мекунад ва дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6-8-уми июн) ширкат меварзад.

Мина Гули ва ҳамроҳонашро 15-уми май дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон дар шаҳри Панҷакент масъулони Вазорати энержӣ ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент истиқбол карданд.

Субҳи 16-уми май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42 километр, оғоз гардид.

Мина Гули як зани тоҷири австралиягӣ буда, дар бахши муҳити зист фаъол аст. Мудири кулли Бунёди “Thirst” («Ташнагӣ») мебошад, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад.

Мина Гули дар канори шаҳри Мелбурни Австралия таваллуд шудааст ва дар Донишгоҳи Мелбурн таҳсил кардааст. Соли 1993 президенти Иттифоқи донишҷӯёни Донишгоҳи Монаш интихоб шудааст.

Пас аз хатми мактаб дар бахши хусусии соҳаҳои энержӣ ва инфрасохтор ба ҳайси ҳуқуқшинос кор кардааст. Соли 1999 дар биржаи фючерсҳои Сидней, дар рушди бозорҳои партобҳои карбон дар Австралия иштирок кардааст. Соли 2002 аз ӯ хоҳиш карданд, ки ба Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавад ва дар таҳияи лоиҳаҳои тиҷорати карбон дар Чин, Ҳиндустон, Непал ва Индонезия кӯмак кунад. Соли 2005 ба бахши хусусӣ баргашт ва кори худро дар бахшҳои энержии барқароршаванда ва тағирёбии иқлим дар Чин идома дод.

Мина Гули соли 2012 Бунёди “Thirst”-ро таъсис дод, ки ба ҷавонон сарфаи обро тарғиб мекунад.

XS
SM
MD
LG