Дастаи «Хатлон»-и Бохтар, ки дар даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона шуд.
Дар ин бозӣ, ки 15-уми май дар варзишгоҳи «ТАЛКО - Арена»-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 2 ҳазор тамошобин баргузор шуд, голи ягонаро Нуриддин Ҳамроқулов дар охири бозӣ (90+3) аз пеналти ба ҳадаф расонд.
Ҳамин тариқ, футболбозони шаҳри Бохтар бо роҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар чаҳор бозӣ пирӯз шуда, се бозиро мусовӣ карда, бо 15 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи қарамонии Тоҷикистон мақоми аввалро касб кардаанд.
Дар бозии дигари даври ҳафтуми мусобиқа КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ғайричашмдошт дар майдони худ аз тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд. Бо вуҷуди бохт низомиён дар ҷадвал бо 12 имтиёз дар ҷои дуюм қарор доранд.
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки тими меҳмон - «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, дар ҷадвали мусобиқа бо 11 имтиёз ҷои сеюмро азони худ кардааст.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дувумин бозиашро дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон боз ҳам бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод. Бозии қаҳрамони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.
Дар бозии дигар “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бар тими мизбон - “Равшан”-и Зафаробод - бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.
Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 18-ум ва 22-юми май баргузор мешаванд: Рӯзи чоршанбе “Хуҷанд” бо “Истаравшан”, «Хатлон» бо «Равшан» (Зафаробод), «Файзканд» бо КМВА ва «Истиклол» бо «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунанд. Рӯзи якшанбе бозӣ миёни дастаҳои «Эсхата» ва «Равшан» (Кӯлоб) барпо мегардад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ. Даври 7-ум
«Равшан» (Зафаробод) – «Файзканд» – 1:3
Голҳо: Амирҷон Сафаров, 4 (0:1). Шавкати Ҳотам, 73 (0:2). Шавкати Ҳотам, 85 (0:3). Бахтовар Зокиров, 90+2 (1:3).
14-уми май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 800 тамошобин.
КМВА – «Эсхата» – 1:4
Голҳо: Дилшод Бозоров, 9 (0:1). Дилшод Бозоров, 55 (0:2). Шарафҷон Солеҳов, 72 (1:2). Санҷар Рихсибоев, 77 – аз пеналти (1:3). Дилшод Бозоров, 83 (1:4).
14-уми май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 500 тамошобин.
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истаравшан» – 1:0
Гол: Коуасси Инносент, 27.
15-уми май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 0:1
Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 90+3 – аз пеналти.
15-уми май. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 2000 тамошобин.
«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 1:1
Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 26 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 81 (1:1).
15-уми май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2700 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
«Хатлон» (Бохтар) |
7 |
4 |
3 |
0 |
9-4 |
15 |
2 |
КМВА (Душанбе) |
6 |
4 |
0 |
2 |
9-8 |
12 |
3 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
6 |
3 |
2 |
1 |
6-5 |
11 |
4 |
«Файзканд» (Восеъ) |
6 |
3 |
1 |
2 |
8-9 |
10 |
5 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
7 |
2 |
1 |
4 |
7-8 |
7 |
6 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
6 |
2 |
1 |
3 |
11-12 |
7 |
7 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
7 |
1 |
4 |
2 |
5-4 |
7 |
8 |
«Равшан» (Зафаробод) |
7 |
1 |
3 |
3 |
8-14 |
6 |
9 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
6 |
1 |
1 |
4 |
7-6 |
4 |
10 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
2 |
0 |
2 |
0 |
2-2 |
2 |
Рӯйхати голзанҳои пешқадам: Дилшод Бозоров, Шарафҷон Солеҳов (КМВА) – 5-тӯбӣ, Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан»), Санҷар Рихсибоев («Эсхата») – 4-тӯбӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Абдухалил Боронов («Равшан» Кӯлоб), Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод), – 3-тӯбӣ.
Даври 8-ум
18-уми май (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Хуҷанд» – «Истаравшан»
«Хатлон» – «Равшан» (Зафаробод)
«Файзканд» – КМВА
Оғози бозӣ – соати 18:00
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»
22-юми май (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
«Эсхата» – «Равшан» (Кӯлоб)