Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон бо пешниҳоди президент мехоҳанд Конститутсияро тағйир диҳанд


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Ҷиноҳи Ҳизби либерол-демократии Узбекисистон дар Палатаи қонунгузории Шӯрои олии он кишвар пешниҳод кард, ки ҷараёни воридсозии тағйирот ба Конститутсия шуруъ шавад. Ин масъала дар ҷаласаи рӯзи 16 майи Шӯро баррасӣ гардид.

Дар ҷиноҳи Ҳизби либерол-демократӣ аз пешниҳоди президенти Узбекистон ёдовар шуданд, ки "дар Рӯзи Конститутсия аз зарурати ислоҳи Конститутсия" гуфта буд.

Дар изҳороти расмии ҳизби мазкур омадааст, баъди ислоҳот дар Узбекистон зарурати воридсозии тағйирот ба Қонуни асосӣ пайдо шудааст.

Конститутсияи Узбекистон 8 декабри соли 1992 қабул ва то кунун ба он 16 тағйирот ворид шудааст. Баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев низ ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карданд.

Аз ҷумла соли 2017 барои таҷдиди низоми додгоҳӣ ва соли 2019 барои "демократисозии ҳукумат ва ҳисоботдиҳанда будани он" ба Конститутсияи Узбекистон тағйирот ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG