Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Дар ҷанги Украина аз бомбаҳои хушаӣ истифода шуд


Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия
Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch мегӯяд, Русия аз оғози ҷанг дар Украина то ҳол чанд бор аз бомбаҳои хушаӣ истифода кардааст, ки "боиси кушта шудани садҳо мардуми одӣ ва осеб расондан ба хонаву шифохона ва мактабҳо шудааст".

Созмон рӯзи 12-уми май дар гузорише гуфт, нерӯҳои украинӣ низ ҳадди ақал як бор аз ин бомбаҳо истифода кардаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ҳар ду кишвар хостааст, ба истифода аз силоҳҳои мамнуъ поён дода, ваъда супоранд, ки қонунҳои байнулмилалиро риоя мекунанд.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бесабаб ба Украина ҳамла кард. Маскав онро амалиёте барои ғайринизомӣ кардани Украина медонад. Киев ва кишварҳои ғарбӣ таҷовуз ба хоки кишвари соҳибистиқлол мешуморанд.

Дар тақрибан се моҳи ҷанг дар Украина ҳазорҳо нафар куштаву захмӣ ва миллионҳо кас овораву беҷо шудаанд.

XS
SM
MD
LG