Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия истеҳсоли бесарнишинҳои "ANKA"-ро дар Қазоқистон ба роҳ монданист


Бесарнишин ё дрони ANKA
Бесарнишин ё дрони ANKA

Як ширкати туркӣ бо намояндагони Қазоқистон созишномаеро имзо кардааст, ки истеҳсоли бесарнишини туркии "ANKA"-ро дар Қазоқистон пешбинӣ мекунад

Дар ин бора хабаргузориии КазТАГ бо истинод ба ширкати туркӣ рӯзи 11-уми май иттилоъ дод.

Ба гуфтаи созандагони ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ, созишномаи ҳамкорӣ ба ҷуз аз истеҳсоли муштарак, ҳамчунин хидматрасонии техникӣ ва таъмири бесарнишинҳоро дар Қазоқистон дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, дар сурати иҷрои созишнома, Қазоқистон нахустин кишвари хориҷие хоҳад шуд, ки дар он бесарнишини туркии "ANKA" истеҳсол мешавад.

XS
SM
MD
LG