Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Siemens гуфт, бозори Русияро тарк мекунад


Ширкати олмонии "Siemens" эълом кард, ки бозори Русияро ба далели ҷанг дар Украина тарк мекунад.

Дар иттилоияи ширкат омадааст, ки он аллакай раванди қатъи фаъолият ва истеҳсолотро дар Русия шуруъ кардааст.

Пештар Siemens гуфта буд, ҳамаи амалиёт ва интиқолҳои байналмилалиро ба Русия ва Беларус боздоштааст.

"Мо ҷанг дар Украинаро маҳкум мекунем ва тасмим гирифтем, ба фаъолияти саноатии худ дар Русия хотима бахшем. Ин тасмим барои мо бо назардошти масъулият дар назди кормандон ва муносибатҳои тулонӣ бо муштариёни бозоре, ки 170 сол мешавад, дар он фаъолият дорем, осон набуд", - гуфтааст президенти ширкат Роланд Буш.

XS
SM
MD
LG