Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ ба кишваре рафт, ки интиқоли қудратро аз падар ба писар таҷриба кард


Акс аз сомонащои расмӣ
Акс аз сомонащои расмӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва писари президенти Тоҷикистон, дар садри як ҳайати ҳукуматӣ ба Туркманистон рафтааст.

Сафари ӯ дар шароите анҷом мешавад, ки дар Туркманистон таҷрибаи аввалини интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардид.

Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, рӯзи 15-уми марти имсол курсии президентиро соҳиб шуд. Коршиносон такрори ин сенарияро дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонанд.

Рустами Эмомалӣ шарҳдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон, амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ аст.

Вай моҳи марти имсол ба Озарбойҷон рафта буд. Дар он кишвар низ соли 2003 Илҳом Алиев як муддат ҷойгузини падараш буд ва баъдан курсии ӯро соҳиб шуд ва то кунун қудратро ба даст дорад.

XS
SM
MD
LG