Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини ширкати "Достон"-ро аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ интиқол доданд


Алексей Ширшов
Алексей Ширшов

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек қарор баровард, ки Алексей Ширшов, раиси пешини ширкати "Достон", аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шавад.

Ширшов то 26 май дар ҳабси хонагӣ мемонад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки Ширшов рӯзи 10 май бо гумони фасодкорӣ дар доираи парвандаи хусусигардонии амволи гаронарзиш дар истироҳатгоҳи "Аврора Плюс" дар вилояти Иссиқкӯли он кишвар боздошт шудааст.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, бо ташкили як тавтиа тоҷирон дар якҷоягӣ бо афроди алоҳидаи мақомоти давлатӣ 56 хонаи гаронарзиш ва 27 бӯстонсарои давлатиро ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Алексей Ширшовро яке аз иштирокдорони асосии ин тавтиа унвон кардааст.

Алексей Ширшовро дар доираи моддаи "Фасодкорӣ" боздошт кардаанд.

Ширшовро мушовири молии Максим Боқиев, писари президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев меноманд.

XS
SM
MD
LG