Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар паради Маскав: "Русия зарбаи пешгирикунанда зад"


Владимир Путин, Маскав, 9-уми майи 2022
Владимир Путин, Маскав, 9-уми майи 2022

Президенти Русия ҳангоми суханронӣ дар паради низомӣ дар майдони Сурхи Маскав гуфт, кишвараш бо оғози ҳамла ба Украина дар рӯзи 24-уми феврали имсол "зарбаи пешгирикунанда" зад ва он "ягона тасмими дуруст" буд. Киев ва кишварҳои ғарбӣ рафтори Русияро маҳкум карда, онро таҷовуз ба қаламрави Украина номиданд.

Владимир Путин рӯзи 9-уми май эълом кард, лаҳзаи анъанавии хомӯшӣ на танҳо ба қурбониёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон, балки ба ҳалокшудаҳо дар бинои Иттифоқҳои касабаи Одесса аз тири "миллатгароён" ва сарбозони кушташудаи рус дар Украина бахшида мешавад.

Ба гуфтаи Путин, ӯ ҳамчунин фармони мадад ба хонаводаҳои қурбониён ва захмиҳоро имзо кардааст.

Дар канори Путин мақомдорони дигари рус, аз ҷумла раиси ҳукумат Михаил Мишустин, муовини котиби шӯрои амният Дмитрий Медведев, патриарх Кирилл ҳам буданд.

Қаблан сухангӯйи президенти Русия Дмитрий Песков гуфта буд, Кремлин барои иштирок дар парад ё гузашти низомии рӯзи 9-уми май раҳбарони хориҷиро даъват накардааст.

Имсол аз 77-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ таҷлил шуд.

XS
SM
MD
LG