Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боку иддаои Маскав дар бораи тавлиди аслиҳаи биологиро рад кард


Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи якшанбеи 8-уми май иддаои Русия дар бораи вуҷуди озмоишгоҳи таҳқиқоти аслиҳаи биологӣ дар ин кишварро рад кард.

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ахиран иддао кард, ки "эҳтимолан" Амрико дар бархе кишварҳои узи шӯравии собиқ дар ҳоли ҳамкорӣ барои сохтани аслиҳаи биологӣ дар озмоишгоҳҳост.

Ӯ бе ироаи ҳеҷ санаде, аз чаҳор кишвар -- Украина, Молдова, Гурҷистон ва Озарбойҷон ном бурда буд.

Вазорати амнияти миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо нашри баёнияе ин иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки Боку ҳаргиз озмоишгоҳе барои рушди аслиҳаи биологӣ надошта ва ҳеҷ иқдоме, ки ҷони шаҳрвандони худ ва кишварҳои ҳамсояро ба хатар андозад, анҷом намедиҳад.

Ин баёния меафзод, мақомоти Русия то ҳол чандин бор ин иттиҳоми "беасос"-ро матраҳ кардаанд.

Сафорати Амрико дар Озарбойҷон низ ҳафтаи гузашта ва дар пайи иддаои оқои Патрушев, ин мавзуъро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG