Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад дар Теҳрон бо мақомоти эронӣ дидор кард


Башор Асад ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ.
Башор Асад ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ.

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия рӯзи якшанбеи 8-уми май дар як сафари аз қабл эълоннашуда ба Эрон рафт ва бо раҳбари он кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва президент Иброҳим Раисӣ дидор ва гуфтугӯ намуд. Ба гузориши расонаҳои эронӣ, ду тараф дар ин мулоқот аз "робитаҳои қавӣ" миёни ду кишвар ситоиш карданд ва ваъда додаанд, ки ин робитаҳоро мустаҳкамтар мекунанд. Дар ёздаҳ соли гузашта, аз замони оғози ҷанги дохилӣ дар Сурия, ин бори дувум аст, ки Башор Асад ба Эрон сафар мекунад. Эрон дар канори Русия муттаҳиди асосии ҳукумати Сурия ба шумор меравад ва дар ҷанги дохилӣ дар ин кишвари арабӣ аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят мекард.

XS
SM
MD
LG