Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ камтар шудааст


Акс аз бойгонӣ ва соли 2014 аст.
Акс аз бойгонӣ ва соли 2014 аст.

Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бо гузашти 77-сол аз хотимаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ фақат 58 нафар аз собиқадорони ҷанг дар кишвар боқӣ мондаанд.

Раҳмат Қудратов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат, ба нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” гуфтааст, соли гузашта 98 собиқадори ҷанг бар зидди Олмони фашистӣ Рӯзи ғалабаро таҷлил карда буданд. Ба таъбири дигар, соли 2021 ва имсол дар Тоҷикистон 40 нафар аз собиқадорони ин ҷанг фавтидаанд.

Ба қавли Раҳмат Қудратов, соли 2020 теъдоди собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон ба 168 нафар мерасид. Ба гуфтаи ӯ, “ҳоло куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов, ки дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, 110-сола мешавад.”

Нашрияи “Ҷумҳурият” омори мазкурро рӯзи 6-уми май ва дар остонаи таҷлили 77-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ нашр кард. Қарор аст, ин рӯз дар Душанбе ҳам бошукӯҳ таҷлил шавад, ҳарчанд ҷанги Русия дар Украина сари ин ҷашн соя андохтааст.

Дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, ки аз соли 1941 то 1945 идома кард, бештар 300 ҳазор сокини Тоҷикистон ба ҷабҳа рафтаанд ва 92 ҳазор нафарашон ҳалок шудаанд. Аз миёни онҳо 56 ҳазор сарбозу афсар ордену медал ва 54 нафар унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравиро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG