Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шаҳрзод"-и Путинро дар Италия ҳабс карданд


"Шаҳрзод", номи яхтаест, ки соҳибашро Путин мегӯянд.
"Шаҳрзод", номи яхтаест, ки соҳибашро Путин мегӯянд.

Рӯзи ҷумъа мақомоти Италия яхтаи гаронарзише, ки онро моли Владимир Путин, президенти Русия, медонанд, ҳабс карданд.

Ин яхта, ки “Шаҳрзод” ном дорад, дар бандари Марина ди Каррараи Италия қарор дошт.

Дар изҳороти расмии мақомоти Италия гуфта мешавад, ки “Шаҳрзод” ба мақомдори баландпояи рус таалуқ дорад, ки номаш дар рӯйхати таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ҷой дорад. Номи соҳиби яхта дар хабари расмӣ гуфта нашудааст.

Арзиши ин яхтае, ки 140 метр дарозӣ дорад, 700 миллион доллар ҳисоб шудааст. Нашрияи амрикоии The New York Times навишт, ки ин яхта як сол боз таъмир мешуд ва қарор буд, ки моҳи оянда таъмираш ба поён бирасад. Ба навиштаи ин расона, яхтаро аз бандар ба тарафи баҳр мебурданд, ки роҳашро мақомоти Италия гирифтанд.

Ҷонибдорони Алексей Навалний, мухолифи зиндонӣ дар Русия, дар як таҳқиқоте гуфта буданд, ки соҳиби яхта Владимир Путин аст. Нашрияи италиявии La Stampa соҳиби онро Эдуард Худайнатов, раҳбари "Роснефт" номида буд.

Номи аксар раҳбарони Русия, ба хотири ҳамлаи ин кишвар ба Украина, дар рӯйхати таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтааст. Бар асоси ин, дороиҳои онҳо дар кишварҳои аврупоӣ ҳабс мешаванд.

XS
SM
MD
LG