Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як зани тоҷикистониро аз тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мекунад


Интерпол ду акси Муниса Ҷаббороваро нашр кардааст.
Интерпол ду акси Муниса Ҷаббороваро нашр кардааст.

Русия аз тариқи Интерпол як зани тоҷикистониро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Интерпол аксҳои Муниса Ҷаббороваи 38-сола, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғдро нашр карда, гуфтааст, ки Русия ӯро ҷустуҷӯ мекунад ва ҳар касе дар борааш маълумот дорад, хабар диҳад.

Дар бораи иттиҳоми зидди Муниса Ҷабборова Интерпол навиштааст, ки ӯро барои талоши пайвастан ба гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҷустуҷӯ мекунанд.

Соли гузашта дар як рӯйхати мақомоти интизомии Русия исми ӯ дар қатори беш аз 500 зодаи Тоҷикистон нашр шуда буд, ки бо гумони даст доштани дар терроризм ҷустуҷӯ мешаванд.

Дар он рӯйхат гуфта мешавад, ки эҳтимол Муниса Ҷабборова ба Сурия ё Ироқ сафар кардааст.

Назари пайвандони ин зан дастрас нашудааст ва маълум нест, ки Русия бо кадом далел нисбат ба ӯ парванда боз кардааст. Номи Муниса Ҷабборова дар рӯйхати таҳти пайгард аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон қарор надорад.

Тоҷикистон эълон карда буд, ки 3140 нафарро барои ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, аз тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мекунад, вале номи афроди таҳти пайгард аз ҷониби ин кишвар дар саҳифаи расмии ин созмон мавҷуд нест.

XS
SM
MD
LG