Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Нурсултон


Фирӯз Мирзораҷабов.

Фирӯз Мирзораҷабов, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии юнонию румӣ миёни варзишгарони то 20-сола ба хотираи қаҳрамони олимпӣ ва ҷаҳон Жаксилик Ушкемпиров, ки рӯзҳои 3-5 май дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Чунонки сомонаи оlympic.kz хабар медиҳад, дар ин мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз вилоятҳои мухталифи Қазоқистон, инчунин гуштигирони ҷавон аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд.

Мусобиқа аз рӯи даҳ вазн (-55, -60, -63, -67, -72, -77, -82, -87, -97 ва 130 кг) тибқи қоидаҳои Иттиҳоди байналмилалии гуштӣ (UWW) сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ панҷ нафар – Фирӯз Мирзораҷабов (-60 кг), Сиёвуш Очилов (-63 кг), Шероз Очилов (-72 кг), Султон Саидзода (-72 кг) ва Русланҷони Рустамҷон (-82 кг) - намояндагӣ карданд.

Аз байни онҳо танҳо Фирӯз Мирзораҷабов медал гирифт. Ӯ дар вазни то 60 кило баъди се пирӯзӣ ба финал роҳ ёфт, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири қазоқ мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ин гуштигири ҷавону моҳири тоҷик бо дастовардҳояш аллакай дар байни ҳаводорони ин риштаи олимпии варзиш маъруф аст. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ миёни наврасон, ки моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар вазни то 51 кило медали нуқра ба даст овард.

Фирӯз дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии юнонию румӣ миёни наврасон, ки моҳи августи соли 2019 дар шаҳри Софияи Булғористон доир гардид, дар вазни то 55 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Фирӯз Мирзораҷабов дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки моҳи сентябри соли 2021дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор шуд, дар сабқати гуштии юнонию румӣ дар вазни то 60 кило медали нуқра гирифта буд.

XS
SM
MD
LG