Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гурезаи украиниро аз Қазоқистон ихроҷ мекунанд


Як гурезаи украиниро дар Қазоқистон барои бознашри хабар дар бораи гирдиҳамоӣ 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд ва ҳамакнун баъди тамом шудани муҳлати ҳабс аз он кишвар берун мекунанд.

Додгоҳ гурезаи Украинаро дар ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ айбдор кард. Вай матлаберо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр карда буд, ки ба гирдиҳамоӣ барои ҳимоят аз Украина даъват мекард. Додгоҳ ӯро ба ҳабси маъмурӣ гирифт ва ҳамчунин ҳукми ихроҷи гурезаро аз Қазоқистон содир кард.

Даъват ба гирдиҳамоии рӯзи 1-уми майро мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов эълом карда буд. Ин гирдиҳамоӣ мебоист, дар шаҳрҳои Алмато, Остона ва Чимкент баргузор шавад.

Фаъолони мадании Қазоқистон ба берун шудани кишвар аз ҳайати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даъват доранд ва ҳамчунин зидди ҷанги Русия дар Украина ҳастанд.

XS
SM
MD
LG