Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони узбек се шаҳрванди Қирғизистонро парондаанд


Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки рӯзи 5-уми май дар натиҷаи тирпаронӣ дар минтақаи ҳаммарз бо Узбекистон се шаҳрванди кишвараш ҷон бохтааст.

Ба огаҳии хадамот, шаҳрвандони Қирғизистон, соли таваллудашон 1974, 1998 ва 2000-ум бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона бурда шуданд, вале ба ҳуш наомада, ҷон бохтанд.

Намояндагони марзбонии Қирғизистону Узбекистон бо ҳам вохӯрда, қазияро баррасӣ кардаанд. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои оташкушоии марзбонони узбек зидди шаҳрвандони Қирғизистон таҳқиқ мешавад.

Хадамоти марзбонии Узбекистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG