Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои таъмини амният дар Тоҷикистон $60 млн. медиҳад


Тақдими кумаки Амрико ба Тоҷикистон
Тақдими кумаки Амрико ба Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Душанбе ба Вазорати дифои Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиону 300 ҳазор доллар мадад кардааст. Ёриҳоро, ки аз ҳашт мошини боркаши IVECO, рӯйкаши чарх ва қисмҳои эҳтиётӣ иборат аст, рӯзи 5-уми май супурданд.

“Мошинҳои боркаш ва қисмҳои эҳтиётӣ ба Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини релефи минтақаҳои сарҳадӣ амалиёт гузаронанд,” – гуфта шудааст дар баёнияи сафорат.

Ёрии Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон
Ёрии Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон

Аз ин пеш, моҳи октябри соли 2021, сафорат ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 “Ҷип J8” дода буд, ки арзишаш ба 1,4 миллион доллар баробар буд.

Дар маросими супоридани таҷҳизот ва мошинҳо, муовини сардори намояндагии Амрико Бридҷет Уокер ва муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Хайриддин Ҳукмиддинзода шитирок доштанд.

Бридҷет Уокер гуфтааст, “мошинҳо дар муқобили таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқчиёни маводи мухаддир, ҷангҷӯён ва ифротгароёни хушунатомез мадади ҷиддӣ мекунанд. Мо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 миллион доллар, ҳамчун кумак ба соҳаи амният ҷудо кардем, ки он дар давоми ду соли оянда амалӣ ва расонида хоҳад шуд.”

Амрико аз соли 1992 то ин ҷониб ба Тоҷикистон барои таъмини амният ба маблағи беш аз 330 миллион доллар ёрӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG