Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Мариупол оташбаси серӯза эълон кард


Низомиёни Донетск дар шаҳри Мариупол
Низомиёни Донетск дар шаҳри Мариупол

Русия эълон кард, ки аз 5-уми май оташбаси серӯза ҷорӣ мекунад, то мардуми одӣ аз "Азовстал", корхонаи тавлиди пӯлоди шаҳри Мариуполи Украина, ба ҷойҳои амн бурда шаванд.

Як рӯз пеш низомиёни Украина гуфта буданд, ки Русия дар Мариупол ҳамлаи васеъмиқёсро ба роҳ мондааст. То кунун беш аз 300 фарди мулкӣ аз гӯшаҳои гуногуни Мариупол берун бурда шуданд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 5-уми май дар паёме гуфт, Украина омода аст, ки оташбасро дар Мариупол таъмин кунад.

Нед Прайс, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, гуфт, Маскав дар гузашта чунин эъломияро борҳо поймол кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Денис Прокопенко, яке аз фармондеҳони воҳиди низомии "Азов", ки дар дохили корхонаи пӯлод банд мондаанд, исрор меварзад, ки ҳеч гоҳ таслим нахоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG