Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони Ереван бинои порлумонро муҳосира карданд


Эътирозгарон дар Ереван. 4-уми майи 2022
Эътирозгарон дар Ереван. 4-уми майи 2022

Даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Еревани Арманистон бо талаби истеъфои сарвазир Никол Пашинян роҳпаймоӣ ва бинои порлумонро муҳосира карданд.

Як қисми тазоҳургарон ба назди бинои Вазорати корҳои хориҷии Арманистон рафта, онро низ иҳота карданд.

Яке аз раҳбарони мухолифони Арманистон Ишхан Сагателян аз таҷаммуъгарон даъват кард, ки шаб дар майдон бимонанд. "Бигзор, ҳамаи вазироне, ки ҳуқуқи арманиҳои Қарабоғи Куҳиро ҳимоят намекунанд, "дафъ шаванд", - гуфт ӯ.

Эътирозҳои оммавӣ бо талаби сарвазир Пашинян 25-уми апрел дар Арманистон оғоз шуданд.

Ҳаракати "Муқовимат" ҳукумати сарвазир Никол Пашинянро дар қасди имзои созишнома бо Озарбойҷон ва эътирофи ҳукмронии Озарбойҷон дар тамоми қаламрави Қарабоғи Куҳӣ гунаҳкор мекунад.

XS
SM
MD
LG