Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар Восеъ талош дорад, ки духтараш ба Бритониё равад. ВИДЕО


Оминаи Изаттулло бо падараш
Оминаи Изаттулло бо падараш

Як духтари 14-сола аз ноҳияи Восеъ барандаи озмуне аз Тоҷикистон дар донишгоҳи "Брунел"-и шаҳри Лондони Бритониёи Кабир шудааст.

Озмуни “Teeneagle ONLINE” барои наврасони донандаи хуби забони англисӣ охири моҳи март ҷамъбаст шудааст.

Оминаи Изаттулло мегӯяд, падараш ӯро ташвиқ кард, то забони англисӣ омӯзад ва ба хориҷи кишвар сафар кунад. “Падарам ҳамеша таъкид мекунад, ки духтар бояд хонад ва ояндаашро худаш созад,”—мегӯяд, ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар аксар деҳоти Тоҷикистон бархе падарон монеи таҳсили духтаронашон мешаванд, аз ин рӯ, Омина аз талошҳои падараш бо ифтихор нақл мекунад.

Омина дар даври ниҳоии озмуни наврасони донандаи забони англисӣ бо намояндагӣ аз Тоҷикистон дар донишгоҳи "Брунел"-и шаҳри Лондон бояд иштирок кунад. Изатулло Худойқулов, падари Омина аз пирӯзии духтараш хушҳол аст. “Ман бештар аз духтарам хурсандам. Ҳатто агар ҷой ҳам намегирифт, кушиш мекардам, ки худам равонаш кунам,”—гуфт ӯ.

Даври ниҳоии озмун аз 31-уми июл то 7-уми август давом мекунад.

Омина омӯхтани забони англисиро бо ташвиқи падар аз 9-солагӣ шурӯъ кардааст.

Талоши падар барои таҳсили духтар дар ҳолест, ки бархе падарон, бо вуҷуди пешбинии муҷозот, монеи таҳсили духтаронашон мешаванд. Аз ҷумла, соли 2019 додгоҳе дар шарқи Тоҷикистон се падарро барои монеи таҳсили духтаронашон шудан 10 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон қонун дар бораи масъулияти волидайн қабул шуд, ки як бандаш барои монеи таҳсили фарзанд шудан ҷазо пешбинӣ мекунад.

Панҷ соли пеш, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал гуфта буд, ки 30 дар сади духтарони тоҷик баъд аз таҳсили ҳатмӣ то синфи 9 дигар хонданро идома намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG