Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарон мехоҳанд, табибу омӯзгор шаванд, на ҳуқуқшинос ё муҳандис. ВИДЕО


Аксарияти духтарони тоҷик мехостаанд, ё табиб шаванд, ё омӯзгор.
Аксарияти духтарони тоҷик мехостаанд, ё табиб шаванд, ё омӯзгор.

Дилнозаи Зубайдулло чанд соли ахир барои табиб шудан омодагӣ мегирад. Ӯ дар деҳае дар ноҳияи Ваҳдат таҳсил мекунад ва ба ин хулоса омадааст, ки табиб будан барои ӯ чун зан мувофиқтар аст. Азми Дилноза қатъӣ аст ва ӯ тамоми ҳуҷҷатҳояшро барои шомил шудан ба донишгоҳи тиббӣ омода кардааст.

Дилноза бо таваҷҷуҳ ба зиндагии бархе духтарони таҳсилкардаи деҳа ба ин бовар аст, ки касби интихобкардааш дар зиндагии баъдӣ барои ӯ монеа эҷод намекунад. Ӯ аз сарнавишти духтароне мисол меорад, ки баъди издивоҷ, шавҳаронашон иҷоза надоданд, бо ихтисоси интихобкарда фаъолият кунанд ва хонашин шуданд. Ӯ мегӯяд: «Табибӣ касбе аст, ки метавонам, дар хона ҳам барои нигоҳубин ва саломатии падару модар ва дигарон кор кунам.”

Дар синфе, ки Дилноза таҳсил мекунад, аксар духтарони ҳамсабақаш мехоҳанд, табиб ё омӯзгор шаванд. Ба бовари онҳо, кор ин пешаҳо барои духтарон имконияти фаъолияту пешрафтро бештар мекунанд. Нигора Ҳусейнова хонандаи синфи 11-уми дар мактаби рақами 30 ҷамоати Бозорбой Буронови Ваҳдат аст. Ӯ орзуи омӯзгор шуданро дорад. Мегӯяд, агар баъди издивоҷ ҳам натавонад, касбашро идома диҳад, метавонад дар таълиму тарбияи фарзандони хонавода саҳм бигирад.

Чаро духтарони тоҷик фақат табибу омӯзгор шудан мехоҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Пажӯҳиш чиро нишон дод?

Як пажӯҳиши тозае муайян кардааст, ки табибӣ ва омӯзгорӣ аз касбҳои серхаридор миёни духтарони тоҷик будааст. Бар асоси пажӯҳиш, ки Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо UNICEF, ё Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид анҷом додааст, 34 дарсади духтарони мактабхон гуфтаанд, табиб шудан мехоҳанд ва 23 фисад омӯзгориро бартарӣ доданд. Сабаб ҳам ба қавли онҳо "муносибтар будани ин касбҳо барои зан" будааст.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 60 дар сади кормандони соҳаи маориф, 64 дар сади бахши беҳдошт ва 60 дар сади кормандони риштаи кишоварзиро занҳо ташкил медиҳанд. Раҷабгул Бобизода дар соли чаҳоруми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, намехоҳад, баъди таҳсил хонашин монад ва бартарӣ медиҳад, ки шавҳараш ҳам таҳсилкарда бошад. Ӯ, ки аз ноҳияи Файзобод омадааст, мегӯяд: «Аз ӯ мепурсам, ки кор кардан мемонад, ё намемонад. Баъд тасмим мегирам”.

Ҳарчанд ҳоло тамоюл ба таҳсили духтарон дар Тоҷикистон афзудааст, гуруҳи зиёде аз ҷавонони муҳофизакор ҳастанд, ки намехоҳанд, завҷаашон кор кунад. Алӣ як ҷавони тоҷик ба мо гуфт, барояш фарқе надорад, ки ҳамсараш чӣ пешае хоҳад дошт, муҳим ин аст, ки тавонад дар зиндагии муштарак ба ӯ кумак кунад. Меҳроб ҷавони дигар ба ин бовар аст ки ҳамсараш бояд хонашин бошад ва кӯдак тарбия кунад.

Ба назари ҷомеашиносону омӯзгорон ин як тасаввури хатост, ки бояд аз байн бурда шавад. Омӯзгор Таманно Ҷумъаева гуфт: “Зан-модар, ки босавод ва бомаърифат бошад, метавонад, ҷомеаро пеш барад. Омӯзгору табиб ҳам бошанд, метавонанд, ба фарзанди худ таълим диҳанд. Муҳим, ки савод омӯзанд”.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон занҳо маъмулан хонанишин ҳастанд ва асосан тарбияи фарзандону кори хона бар дӯши онҳост. Аммо муҳоҷирати мардон барои кор ба Русия, нокофӣ будани пули онҳо барои хонавода занони зиёдеро водор кардааст, ки дар бораи нақши зани “хонашин” фикр кунад.

Ҳоло тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистонро асосан занон пеш мебаранд ва ҳатто ба таъмири мошин машғуланд. Ҷое муҳофиз ҳам кор мекунанд ва бармегарданду кори сахти хонаро ҳам анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG