Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳоҷатхона – баҳона” Чаро Хадичамоҳ ба мактаб нарафт? САДО


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Додгоҳи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ волидони ду духтари наврасро барои монеъ шудан ба таҳсил 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Волидон мегӯянд, ки барои ин кор далел доранд.

Дар мактабе, ки ман раҳбар ҳастам, сафи омӯзгорони зан сол то сол зиёд мешавад. Аммо ин ба бархе мардон писанд нест. Баъд ҳоҷатхонаро баҳона мекунанду нодориро

Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ рӯзи 20-уми апрел содир шуд. Волидони ду духтари 13-сола бар асоси моддаи 164-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “монеъ шудан ба таҳсили ҳатмӣ”, ҷарима шуданд. Ин моддаи қонун ҷарима аз як ҳазор то 50 ҳазор ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.

Аз таҳсил дур мондани Хадичамоҳи 13-сола, пойи волидони ӯро ба додгоҳ кашид. Падари ӯ бо як қарори додгоҳ муваззаф шуд, барои монеъ шудани таҳсили духтараш 5000 сомонӣ ҷарима пардозад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00
Линки мустақим

"Ин қадар пулро аз куҷо медиҳам?"

Аммо волидони Хадичамоҳ, ки тавони пардохти ин маблағро надоранд ва бо ҳукми додгоҳ ҳам розӣ нестанд. Оймаҳмад Ёров, падари Хадичамоҳ, сокини деҳаи Виткони ҳамин ноҳия, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтараш бемор буд ва мудири мактаб аз ин огаҳӣ дошт. “Духтарам ба мактаб мерафт, аммо мудири мактаб гуфтааст, то сиҳат шудани захмҳояш наояд. Вале дар охир моро гирифта ҷарима карданд. Ин қадар пулро аз куҷо медиҳам? Дар ягон ҷо кор намекунам”, - гуфт ӯ.

Ёров як омили дигари аз мактаб канор мондани духтарашро дар набуди шароити муносиби мактаб барои духтарон арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, “аз тарафи дигар, вазъи куҳистонро медонед . Вазъи мактаби моро бинед, тамоман ба талабот ҷавобгӯ нест. Хоҷатхонааш дар надорад. Дар рӯбарӯи он як варзишгоҳ ҳаст, ки мардони зиёд бозӣ мекунанд. Чӣ хел духтарҳо дар ин гуна мактаб мехонанд?”

"Ҳоҷатхонаро баҳона мекунанду нодориро"

Аммо масъулини мактабе, ки духтари Оймаҳмад Ёров дар онҷо таҳсил мекунад, чунин далелҳоро баҳонае беш надонистанд. Онҳо гуфтанд, то 40 соат ҳузур надоштани ҳар кадоми ин ду хонанда дар дарс боис ба ҷаримаи волидон шудааст.

Зоя Умарова, мудири мактаби рақами 6-и Куҳистони Мастчоҳ, гуфт, ҳанӯз урфу одатҳое миёни мардум вуҷуд дорад, ки бархе волидон наметавонанд аз онҳо рӯй битобанд. “Медонам, ки волидони ин ду духтар барои фарзандонашон шароити таҳсилро фароҳам накарданд. Сару либоси мактабӣ надоштанд. Дар мактабе, ки ман раҳбар ҳастам, сафи омӯзгорони зан сол аз сол зиёд мешавад. Аммо ин ба бархе мардон писанд нест. Баъд ҳоҷатхонаро баҳона мекунанду нодориро” – гуфт Зоя Умарова.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, баъзан маҷбур мешавад барои аз таҳсил канор намондани духтарон масъулини додситониву додгоҳро ҷалб кунад.

Мақомот мегӯянд, қарори ҷаримаи ин ду сокини рустои Виткон метавонад, барои бархе волидон дарси ибрат шавад. Иноятулло Ғуломзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, падару модароне ҳастанд, ки натанҳо духтар, ҳатто писаронро ҳам аз мактаб дур мекунанд.

Ҳарчанд мақомот солҳои охир аз ҳузури чашмраси духтарон дар дарсҳо хабар медиҳанд, бархе аз онҳо ҳанӯз аз таҳсил дуранд. Миҷгонаи Қурбонбек, омӯзгоре, ки аз вазъи таҳсили духтарон дар минтақаҳои дурдаст огоҳ аст, гуфт, бештар хонаводаҳои муҳофизакор монеи таҳсили духтарони худ мешаванд.

Тибқи омори расмӣ дар соли 2017 даҳ ҳазор волидон барои иҷро накардани масъулияти худ дар тарбияи фарзанд ҷарима шуданд. Яке аз омилҳои аслӣ ҳам аз мактаб дур мондани фарзандон будааст.

Бино ба арзёбии ахири Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, 30 дар сади духтарони тоҷик баъд аз таҳсили ҳатмӣ то синфи 9 дигар хонданро идома намедиҳанд ва ҳамин мушкил як сабаби дигари кам будани теъдоди духтарони тоҷик дар донишгоҳҳои олиии Тоҷикистон аст.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG