Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони 8 деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ: "Аз ҷаҳон бурида шудем"


Сокинони ҳашт рустои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гуфтанд, ки наздики як моҳ боз бе иртиботи мобилӣ монда, "аз ҷаҳони берунӣ канда шудаанд". Дар ин рустоҳо тақрибан 250 хонавода зиндагӣ мекунад. Онҳо барои суҳбатҳои телефонӣ маҷбуранд, ки ҳар рӯз то 7 километр роҳи хатарбори куҳиро тай намоянд.

Охири моҳи ноябри имсол антенна ё мавҷпароканҳои ширкати "Тселл" дар ин минтақа вайрон шуд ва бархе аз сокинонро аз иртиботи мобилӣ маҳрум кард.

Рӯзи 12 декабр масъулини ширкати Тселл ба Радиои Озодӣ гуфтанд: “Бад шудани вазъи ҳаво ва сард гаштани он ба кори стансияи базавӣ таъсири манфии худро расонид.” Як масъули бахши равобит бо ҷомеаи ин ширкат гуфт, "базаи мазкур дар баландии 4200 метр ҷой гирифтааст ва дар вазъи ҳавои серборишу сард, дастрасӣ ба он душвор ва хатарнок аст. 15 декабр, ҳайати мутахассисони ширкат, ки бо таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз гаштаанд, ба базаи мазкур раҳсипор мегарданд ва ин мушкилро бартараф хоҳанд кард”.

Ҳоло шукр, ки барф нест. Агар каме барф борад, ин роҳҳоро бо мошини хурд тай карда намешавад. Он вақт пурра аз олами берунӣ канда мешавем

“Гуфтугӯ бо телефон – бо арзиши даҳкарата”

“Муштарии даъватшаванда дастнорас аст” - посухест, ки ҳангоми тамос ба телефонҳои ҳамроҳи 8 рустои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дарёфт мешавад. Омӯзгор Шарифхӯҷа Аминов, сокини деҳаи Ғузни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, як моҳ боз шуғли нав пайдо кардааст. Ҳар шом баъди анҷоми кор ҳамдеҳаҳояшро ба дурии тақрибан 8 километр ба деҳаи Пит мебарад, то онҳо бо наздиконашон суҳбати телефонӣ кунанд.

Шарифхӯҷа рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷабри набудани иртиботи мобилиро ӯ ва чанд нафаре мекашанд, ки дар деҳа мошин доранд. Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, роҳҳои куҳистон дар фасли сармо хатарноканд ва намехоҳад, ҳар рӯз онҳоро тай кунад. Аммо бо хоҳиши зиёди ҳамдеҳагон, ки мегӯянд, барои гуфтугӯи телефонӣ сахт ниёз доранд, маҷбур аст, ҳар шом ин роҳро бигузарад.

Ба қавли Шарифхӯҷа Аминов, ӯ танҳо нест ва ҳамроҳаш ҳар шом боз 5-6 нақлиёти дигар сокинонро ба деҳаи Пит барои тамоси телефонӣ мебаранд. Ҷое, ки мавҷи ширкати мобилии "Тселл" вуҷуд дорад. "Роҳҳои куҳистон дар фасли зимистон хеле хатарноканд. Шабона тай кардани онҳо боз хатарноктар аст. Ҳоло шукр, ки барф нест. Агар каме барф борад, ин роҳҳоро бо мошини хурд тай карда намешавад. Он вақт пурра аз олами берунӣ канда мешавем", - мегӯяд Шарифхӯҷа.

“Аз ҷанозаи хешовандам бехабар мондам”

Қурбон Холмирзоев, сокини деҳаи Устунги ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ мегӯяд, аз мусофирони асосии Шарифхӯҷа Аминов аст. Холмирзоев, ки барои гуфтугӯ бо наздикон аз деҳа берун рафта буд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сабаби қатъ шудани алоқаи телефонӣ ӯ аз ҷанозаи яке аз хешованд дар ноҳияи Мастчоҳ маҳрум шуд. Ноҳияи Мастчоҳ дар дурии 350 километр аз Куҳистони Мастчоҳ ҷойгир аст ва ба гуфтаи Қурбон Холмирзоев робитаи асосӣ байни сокинони ин ду ноҳия, ки хешовандони якдигар ҳастанд, асосан тавассути телефон сурат мегирад.

Ширкат агар хост меравад, нахоҳад намеравад. Агар сухан сари дастрасии шаҳрвандон ба алоқаи мобилӣ равад, пас, давлат вазифадор аст, ки чунин шароитро фароҳам орад.

Қурбон Холмирзоев афзуд, “мо ҳоло аз ҷаҳон канда шуда, намедонем, дар дунё чӣ гапҳо аст. Як бор антеннаи мо вайрон шуд, ба ширкати Тселл муроҷиат кардем, омада онро дуруст карданд. Баъди ду рӯз боз вайрон шуд. Боз ба ин ширкат муроҷиат кардем, мегӯянд мутахассисони мо кор мекунанд, вале маълум нест, кай тамос барқарор мешавад.”

Ба гуфтаи сокинони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, ҳоло ҳашт рустои ин ноҳияи бо шумули деҳаҳои Ғузни калон, Ғукат, Даштак, Устунг, Резгиф, Равниҷ, Арсовит ва Рувоск аз гуфтугӯ тариқи телефон маҳрум ҳастанд.

“Тселл: Мутахассисони мо кор мекунанд”

Сокинони ҳашт деҳаи Куҳистони Мастчоҳ, ки ҳоло аз гуфтугӯи телефонӣ маҳрум шудаанд мегӯянд, аз чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон дар рустоҳои онҳо танҳо хадамоти ширкати Тселл дастрас аст. Ба гуфтаи сокинон, онҳо ба ҷуз аз ширкати Тселл имкони интихоби хадамоти ширкатҳои дигарро надоранд. Чун ширкатҳои дигар танҳо бо он шарт розӣ ба насби антенна шудаанд, ки агар сокинони ин деҳа ҳадди ақал 500 симкорти онҳоро харидорӣ кунанд.

Масъулини ширкати Тселл, ягона ширкати хадамотрасони алоқаи мобилӣ дар аксари рустоҳои ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ мушкилро тасдиқ мекунад. Хуршед Қорибобоев, сухангӯи ширкати Тселл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз мушкили сокинони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ огоҳ аст ва пайи рафъи мушкил мебошанд.

“Вақте сокинон интихоби дигар надоранд”

Сокинони чанд рустои ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар ҳоле аз иртиботи телефони мобилӣ маҳрум шудаанд, ки танҳо як ширкати мобилӣ дар ин ноҳия фаъол аст. Ҳамсуҳбати мо аз ин ноҳия мегӯянд, агар мавҷи дигар ширкатҳои мобилӣ дастрас мебуд, онҳо дар ҳоли аз кор мондани мавҷгирҳои як ширкат аз хадамоти ширкати дигар истифода мебурданд ва ҳоли “ҷудо аз олам” қарор намегирифтанд. Таҳлилгарон низ ишора мекунанд, ки барои пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳо бояд давлат ба ширкатҳои дигар имтиёз бидиҳад, то онҳо барои сокинон шароити гуфтугӯи телефониро фароҳам оранд.

Рустам Гулов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар шароити имрӯз набояд чунин муҳити бидуни алоқа ва он ҳам ба муддати ҳафтаҳо барои сокинони як минтақа пайдо шавад. Ба гуфтаи Гулов, дар шароити иқтисоди бозаргонӣ наметавон ширкатҳоро маҷбур кард, ки хадамоти худро барои сокинони минтақаҳо маҷбурӣ дастрас кунанд.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Чун, ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, “ширкат агар хост меравад, нахоҳад намеравад. Агар сухан сари дастрасии шаҳрвандон ба алоқаи мобилӣ равад, пас, давлат вазифадор аст, ки чунин шароитро фароҳам орад. На инки давлат ширкатҳоро маҷбур кунад, балки ҳавасманд намояд. Масалан даромаде, ки аз онҷо мегирад онро аз андоз озод кунад. Вақте хароҷоти ширкат аз муштариёни онҷо бароварда намешавад, онҳо ҳавасманд нестанд.”

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар 220-километрии шимолушарқи шаҳри Душанбе ҷойгир буда, сокинони он асосан ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG