Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷик зинда монданд, Калашниковҳояшон гум шуд


Акс аз бойгонист ва иртиботе ба ҳодиса надорад.
Акс аз бойгонист ва иртиботе ба ҳодиса надорад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҷустӯҷуи 7 автомати Калашниковро идома медиҳанд, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар рӯдхонаи Зарафшон афтода гум шудаанд.

Азизмурод Сабуров, додситони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, садама дар наздикии рустои Хайрободи ноҳия ҳафтаи гузашта рух додааст.

Мошини сабукрави “Нива” ба рӯдхонаи Зарафшон афтодааст ва дар натиҷа як мусофири он нопадид шудааст ва ҷустӯҷуи ӯ бо аслиҳаи гумшуда идома дорад. Ба гуфтаи манбаъ, 6 нафари дигар сарбозони нерӯҳои марзбонӣ ва ронандаи мошин ҷон ба саломат бурдаанд.

Азизмурод Сабуров гуфт: “Вақте сарбозон аз қисми ҳарбии сарҳдабонӣ воқеъ дар деҳаи “Мадрушкат”-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба тарафи деҳаи Хайробод ҳаракат мекунад, вақти ҳаракат ба самти як баландӣ ғайримунтазира мошин хомӯш мешавад ва ақиб ҳаракат мекунад.”

Ба 6 сарбозу ронанда муяссар мешавад, ки худро аз мошин берун андозанд, вале яке аз онҳо дар дохил мемонанд ва ҳоло сарнавишташ маълум нест.

Фарзандам мехост, пул кор кунад ва ба Мастчоҳи нав барои табобат равад, лекин ман ҳайрон барои чӣ ронанда ӯро дар бағоҷ ҷой додааст ва вақте ки дигарон худашонро аз мошин берун парофтаанд, вай натавонистааст.

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ мегӯяд, азбаски дар мошин марзбонон буданд, ҳоло Додситонии ҳарбии ноҳия ба санҷиши ҳодиса пардохтааст. Дар ин ҳодиса сарбозон ҷароҳат бардоштаанд ва баъзе сарашон осеб дидааст ва баъзе дасташон шикастааст.

Исохӯҷа Олимов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ, гуфт автоматҳо ва ҷасади сокини деҳаи Лангарро ҷустӯҷу доранд.

Маликисроил Зарифов падари фарди бенишоншуда ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш тоза аз муҳоҷирати корӣ баргашта буд ва барои ба даст овардани маблағ ба як деҳаи дигар барои картошкаборкунӣ мерафт.

Вай мегӯяд, фарзандашро дар дохили бағоҷи мошин андохтаанд, ки хилофи тамоми меъёру муқаррарот аст.

“Фарзандам мехост, пул кор кунад ва ба Мастчоҳи нав барои табобат равад, лекин ман ҳайрон барои чӣ ронанда ӯро дар бағоҷ ҷой додааст ва вақте ки дигарон худашонро аз мошин берун парофтаанд, вай натавонистааст” - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ

Додситонии низомӣ санҷиши ҳодисаро идома медиҳад ва ронандаи мошин, ки дар вақти сарозер шудани он худро партофтааст мавриди пурсиш қарор гирифтааст.

Дар бағоҷи мошин бар иловаи мусофир боз 7 автомати “Калашников” ҷойгир карда шуда, соҳибони автоматҳо сарбозони қисми ҳарбии сарҳадбонӣ дар дохили мошин нишастаанд. Зоҳиран савор кардани 7 нафар дар мошине, ки барои панҷ кас аст, боиси садама шудааст.

Қисми ҳарбие, ки дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҷой дорад, аслан барои назорати манотиқи куҳдоман ва ағбаҳое вобаста аст, ки бо навоҳии ҳамсарҳад бо Қирғизистон ҳамшафат мебошанд.

XS
SM
MD
LG