Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ҷазо падари нурободӣ барои духтараш мактаб месозад. ВИДЕО


Падаре, ки барои дур мондани духтараш аз таҳсил ҷарима шудааст, бо кумаки ҳамдеҳаҳо ба сохтани мактаби хурде оғоз кардааст.

Илҳомиддин Ҷумъаев, сокини деҳаи Девлохаки ноҳияи Нурободро моҳи марти имсол додгоҳ бо гуноҳи монеъ шудан ба таҳсили фарзанд 5 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Ӯ гуфт, зидди таҳсили духтарон нест, аммо роҳи дарозу пурхатар таҳсили духтарашро, ки аз дарди пой ранҷ мекашад, мушкил кардааст. Барои мактаб духтари Илҳомиддин бояд дар як рӯз 14 километр роҳро тай кунад.

Илҳомиддин Ҷумъаев.
Илҳомиддин Ҷумъаев.

"Ин шоҳроҳ аст. Роҳи одамгузар надорад. Чароғак ҳам надорад. Ба ин роҳ мошинҳои калони боркаш мегузарад, сел аст, тарма аст, гург аст... Дар додгоҳ ҳам гуфтам, агар дар қишлоқ мактаб мебуд ва ман духтарамро рафтан намемондам, худро гунаҳгор меҳисобидам, вале вақте мактаб 7 километр дур аст, мушкил аст", -- гуфт ӯ.

Дар деҳаи Девлохак як мактаб то синфи 4 фаъолият мекунад. Хонандагони синфҳои болоӣ барои таҳсил бояд ба мактаби деҳи дигар раванд.

Манзура - духтари Илҳомиддин Ҷумъаев дар синфи 9 мехонад. Манзура мегӯяд, ҳар рӯз бо таъхири зиёд ба дарс ҳозир мешавад ва ё як ё ду дарс аз ҳамсинфон дер мемонад. "То мактаб мерасем, аллакай дарси 3 ё 4-ум аст. То гашта хона меоем, соат қариб 16:00 мешавад. Баъзан муаллимаҳо ҷанг ҳам мекунанд, ки "чаро дер кардед, дар мошинҳо нишаста биёед". Вале охир мо чӣ хел дар мошини одамони бегона меравем?"

Баъди муҷозот падар барои духтараш синфхона месозад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

​Дар баробари падари Манзура, аз деҳаи Девлохак ду падари дигар ҳам барои дур мондани духтаронашон аз таҳсил ҷарима шудаанд.

Илҳомиддин Ҷумъаев мегӯяд, ҷое кор намекунад ва тавони пардохти ҷаримаро ҳам надоранд. Ба хотире, ки дубора ба додгоҳ кашида нашаванд ва ҳам фарзандонашон аз мушкили дурии роҳ раҳо шаванд, Илҳомиддин ва сокинони дигари деҳ тасмим гирифтанд, дар шафати мактаби ибтидоии деҳа як бинои таълимии дигар созанд. Сохтмони ду синфхона шуруъ шудааст.

"Худамон месозем, то 14 километр нараванд"

"Ин мактабро аз ҳисоби худамон месозем, Сокинони деҳ маблағ ҷамъ карда, маҳсулот харидем ва кор карда истодаем, то кӯдакон 7 километр аз ин тараф ва 7 километр аз он тараф нараванд. Боз аксари ин хонандаҳо духтаронанд"-гуфт ӯ.

Масъулони маорифи ноҳияи Нуробод иқрор мешаванд, ки баъзе аз деҳот аз мактаб 5 километр дур аст.

Файзулло Наҷиев, масъули шӯъбаи маориф дар ноҳияи Нуробод аз қазияи Илҳомиддин ва падарони ҷаримашудаи деҳаи Девлохак огоҳ аст. Ӯ мегӯяд, дурии роҳ набояд сабаби аз таҳсил дур мондани кӯдакон шавад. "Новобаста ба шароит, хонандаро аз таҳсил дур накунанд. Бояд имкон ёфта, кӯдаконро ба таҳсил фаро гиранд"-,афзуд вай.

Файзулло Наҷиев.
Файзулло Наҷиев.

Файзулло Наҷиев мегӯяд, солҳои шӯравӣ аз деҳоти Девлохак мисли дигар деҳаҳои дурдаст хонандаҳо бо автобус ба мактаби деҳи ҳамсоя бурда мешуданд.

Ноҳияи Нуробод 17 ҳазор хонанда ва 85 мактаб дорад. Ба далели набуди мактабҳои 11-сола дар баъзе аз деҳаҳо, ки дар минтақаи куҳистонӣ парокандаанд, кӯдакон маҷбуранд, ба мактаби рустоҳои дигар раванд. Ин мушкил сабаб мешавад, духтарони зиёди деҳот таҳсилро баъд аз синфи 9 бас кунанд.

Нилуфар имсол дар синфи 9 мехонад. Барои таҳсил ба деҳи ҳамсоя меравад. Ин мактаб ҳам то синфи 9 аст. Нилуфар мегӯяд, баъди синфи 9 ӯ ҳам наметавонад таҳсилро идома диҳад. "Барои таҳсил дар синфи 10 -11 бояд ба мактаби маркази ноҳия равем, ки хеле дур аст. Ба ин сабаб ҳам бисёри духтарҳо аз деҳаи Ёнур ва Лаби ҷар баъди синфи 9 дигар ба мактаб намераванд",-мегӯяд Нилуфар.

Мақомоти ноҳияи Нуробод мегӯяд, дар як соли охир тавонистанд 47 нафар, аксаран духтарони аз таҳсил дуршударо ба мактаб баргардонанд. Ба гуфтаи онҳо теъдоди духтароне, ки ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд, афзудааст.

Маҳинаи Қосимҷон, хонандаи синфи 11-и мактаби маркази ноҳия, барои дохил шудан ба Донишгоҳи омӯзгорӣ омодагӣ мебинад. Ба гуфтаи Маҳина, таҳсил ва соҳибихтисос шудан барои ояндаи ҳар духтар муҳим аст.

Маҳина мегӯяд, "дар зиндагӣ мушкилоти зиёд ҳаст. Баъзан духтарон аз оилаҳои худ ҷудо мешаванд ва наметавонанд, ҷое кор карда зиндагии худро пеш баранд. Барои ҳамин бояд ҳар як одам таҳсил кунад",-афзуд вай.

Биноба иттилои Вазорати маориф ва илм дар як соли охир дар Тоҷикистон 151 мактаб барои 73 ҳазор хонанда сохта ва ҳудуди 200 мактаби ибтидоӣ ба умумӣ табдил шудааст.

Афзоиши аҳолӣ сабаби нарасидани мактаб

Ба таъкиди масъулин, ба далели афзоиши босуръати аҳолӣ, таъмини пурраи хонандаҳо бо мактаб мушкил аст. Қутбиддин Муҳиддинзода, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи Вазорати маориф ва илми кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, "фақат як соли гузашта 60 ҳазор хонанда ба синфи 1 омад. Ин мушкил ба якборагӣ бартараф карда намешавад. Маориф кори дастаҷамъона аст. Тамоми ҷомеа бояд нисбати ин масъала бетараф набошад. Ва вазорати маориф тасмим гирифтааст, мактабҳоеро, ки аз ҷониби соҳибкорону аҳолӣ сохта мешаванд, бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизот таъмин кунад".

Дар деҳаи Девлохак ҳам ба Ҷумъаев гуфта шудааст, ки мақомот бо ташаббуси сохтмони мактабе розӣ ҳастанд ва омодаанд ин мактабро бо мизу курсӣ ва омӯзгор аз ҳисоби сокинони ин деҳа ё ноҳия таъмин кунанд.

Масъулини маориф мегӯянд, ин иқдоми иҷборӣ нест ва ташаббуси худи сокинон аст. Аммо сокинон деҳот мегӯянд, вақте мақомот барои таъмини хонандаҳо бо мактабу ҷойи нишаст даст ба кор намешавад, маҷбуранд, ин корро худашон анҷом диҳанд, то кӯдакон аз дурии роҳ ва волидон аз хатари ҷаримаи ҳангуфт халос шаванд.

Тибқи омори расмӣ, дар ду соли пеш даҳ ҳазор волидон барои иҷро накардани масъулияти худ дар тарбияи фарзанд ҷарима шуданд. Яке аз омилҳои аслӣ ҳам аз мактаб дур мондани фарзандон будааст. Бино ба арзёбии ахири Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, 30 дарсади духтарони тоҷик баъд аз таҳсили ҳатмӣ то синфи 9 дигар хонданро идома намедиҳанд. Сабабҳои аз таҳсил дур шудани духтарони қадрас омилҳои иҷтимоӣ ва маишӣ дорад ва яке аз ин сабабҳо дур ҷойгир будани мактабҳо мебошад.

Дар айни замон ба таъкиди таҳлилгарон, муҷозоти волидон барои дур мондани фарзанд аз таҳсил, дуруст ва роҳи ҳал нест. Ба қавли онҳо бояд аввал барои ҷалби кӯдакон ва бехатарии хонандаҳое, ки маҷбуранд чандин километрро дар фасли гармову сармо тай кунанд, шароит фароҳам оварда шавад.

Ёқуб Ҳалимов, як хабарнигори тоҷик дар мисоли падарони ҷаримашудаи ноҳияи Нуробод мегӯяд, айбе, ки ба волидон баста шудааст, "нодуруст аст", зеро ба андешаи ӯ, на онҳо, балки шароит сабаб шудааст, то духтарон аз таҳсил дур монанд.

“Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам ин мушкил вуҷуд дорад. Чанде пеш як хабар нашр шуда буд, ки волидон дар як деҳаи дурдасти Қирғизистон автобус харида ва ба ин тартиб иштироки фарзандонашонро дар мактаби дурдаст таъмин кардаанд. Ин яке аз роҳҳои ҳал аст, вале набояд волидон ба хотири ин ки наметавонанд ширкати фарзандонашонро дар дарсҳо таъмин кунанд, ҷарима шаванд. Масъулияти давлат аст, ки чораҷӯӣ кунад. Мактаб созад, ба деҳот кадр фиристад.”

Аммо аз сӯйи дигар ба қавли Ёқуб ин мавзӯъ як паҳлӯи дигар ҳам дорад. То кунун, ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон хонаводаҳое ҳастанд, ки муҳим будани таҳсили фарзандонро дар мактаби миёна дарк намекунанд.

Қонуни масъулияти падару модар, ки соли 2011 бо ташаббуси вазири вақти маориф Абдуҷаббор Раҳмонзода қабул шудааст, дар шароити афзоиши нигарониҳо аз шумори зиёди наврасони дур аз мактаб қабул шуда буд. Ҳадафи аслии қонуне, ки хеле баҳси зиёд эҷод кард, ба синфхонаҳо баргардонидани атфоли дур аз таҳсил, бавижа духтарон ва аз таълимоти динии ғайриқонунӣ дур кардани наврасон буд. Ин қонун аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба унвони маҳдудкунандаи озодиҳои шаҳрвандӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Вале ҷонибдорон гуфтанд, ки танҳо аз роҳи додгоҳу муҷозоти дардноки қонунӣ бархе волидон дарк мекунанд, ки дар ҳақи фарзанд ҷабр мешавад ва ҳатман ӯро ба мактаб мефиристанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG