Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот 7 зина боло рафт


Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Созмони ҷаҳонии ғайридавлатии "Хабарнигорони бидуни марз" рӯзи 3 май рейтинги солонаи озодии расонаҳо - Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот-2022-ро нашр кард.

Соли ҷорӣ Қирғизистон 7 зина боло рафта, ба мақоми 72 расидааст. Дар ҳоле, ки соли гузашта дар мақоми 79 қарор дошт. Бо ин вуҷуд, Қирғизистон ҳамоно ҳамчун кишваре баҳо дода мешавад, ки дар он вазъи озодии расонаҳо "душвор" аст.

Бино ба баҳогузории созмони мазкур, Қирғизистон "соҳиби озодии нисбии баён ва расонаҳо" аст ва сарфи назар аз назорати давлатии расонаҳо, "сатҳи муайяни гуногунандешӣ" ҳамоно дар расонаҳои он кишвар дида мешавад.

Дар ин баҳодиҳӣ мақоми аввалро Норвегия ва мақоми охирин - 180-умро Кореяи Шимолӣ касб кардааст. Қазоқистон дар ин рейтинг ё баҳодиҳӣ дар мақоми 122, Узбекистон 133, Тоҷикистон 152 ва Туркманистон 177 қарор доштаанд.

Рӯзи 3 май дар бештари кишварҳои дунё Рӯзи ҷаҳонии озодии расонаҳо таҷлил мешавад. Дар остонаи ин сана созмонҳои расонии Қирғизистон аз мақомоти он кишвар даъват карда буданд, ки "ба уфти дастовардҳо ва усулҳои демократӣ роҳ надиҳанд, таъқиби ҷиноии рӯзноманигорони мустақилро қатъ кунанд, аз қабули қонунҳое худдорӣ варзанд, ки зидди озодии баён равона шудаанд ва шароити амнро барои фаъолияти расонаҳо муҳайё созанд".

Аз ибтидои соли ҷорӣ дар Қирғизистон нисбати чанде аз расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақил, аз ҷумла Kaktus.Media, телевизиони Next TV, рӯзноманигор Болот Темиров парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Дар навбати худ мақомоти он кишвар борҳо гуфтанд, ки ҳуқуқ ба озодии баён дар Қирғизистон помол нашудааст.

XS
SM
MD
LG