Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ба Украина беш аз сесад миллион доллар медиҳад


Борис Ҷонсон
Борис Ҷонсон

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, рӯзи 3-юми май эълон хоҳад кард, ки кишвараш ба Украина ба маблағи 376 миллион доллар ёрии низомӣ хоҳад кард. Ин кумакҳоро қадрдонии Бритониё аз истодагарии Украина алайҳи таҷовузи Русия медонанд.

Рӯзи 2-юми май нерӯҳои Русия оташборони “Азовстал”, корхонаи тавлиди пӯлоди шаҳри муҳосирашудаи Мариуполро аз сар гирифтанд. Онҳо нагузоштанд, ки мардуми одӣ ба ҷойҳои амн бираванд.

Ҳамон рӯз тахминан 100 украинии осоишта аз Мариупол ба шаҳри Запорожйе бурда шуда, садҳо нафари дигар дар таҳхонаҳои "Азовстал" мондаанд.

Муовини раиси шаҳри Мариупол, Сергей Орлов, мегӯяд, мақомоти Украина, Русия ва созмонҳои байнулмилалӣ чӣ тарз берун бурдани мардумро баррасӣ мекунанд.

Наздик ба 100 ҳазор нафар ҳанӯз ҳам дар Мариупол ба сар мебаранд. Аз ҷумла, тахминан 2 ҳазор низомии украинӣ дар ягона пойгоҳи берун аз назорати Русия – муҷтамаи "Азовстал" – паноҳ бурдаанд.

Низомиёни украинӣ ба истодагарии худ идома медиҳанд, вале гуфта мешавад, захираи об, хӯрок ва доруи онҳо кам мешавад.

XS
SM
MD
LG