Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захарова гуфт, "Лавров ба Душанбе меравад"


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ҳафтаи оянда ба Душанбе меояд. Ба иттилои Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, ин сафар 13-уми май сурат мегирад.

Ба гуфтаи манбаъ, Сергей Лавров дар Душанбе дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат мекунад.

“Вазирон дар бораи масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байнулмилалӣ табодули афкор намуда, рушди ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби созмони ИДМ баррасӣ мекунанд,” -- гуфтааст сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия.

XS
SM
MD
LG