Ҳукумати Украина эълон кард, чаҳор бандари асосии кишварро, ки ба дасти неруҳои Русия гузаштанд, муваққатан мебандад. Вазорати кишоварзии Украина рӯзи 2-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки бандарҳои Бердянск, Мариупол, Скадовск ва Херсон “то замони ба дасти Украина баргаштан” баста мемонанд.
Дар баёнияи вазорат омадааст: “Қарор ба сабаби он қабул шуд, ки қабулу ирсоли киштиву мусофирон, бору нақлиёт ва иҷрои дигар фаъолиятҳои иқтисодӣ барои таъмини амнияти киштиҳо бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ имконнопазир гашт.”
Эълони вазорат, танҳо як муқаррароти расмист, чунки Русия бандарҳои мазкурро баъди оғози таҷовузи бедалелаш ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал баст ва ё тасарруф кард. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 2-уми май гуфт, азбаски Русия роҳҳои ҳаракати киштиҳо дар Баҳри Сиёҳро зери назорат дорад, мумкин аст, Украина даҳҳо миллион тонна гандумро талаф диҳад.
Созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла Созмони Милал гуфтаанд, мумкин аст, ҷанг дар Украина сабаби буҳрони норасоии маводи ғизоӣ дар Аврупо, Осиё ва Африқо шавад.