Шоми 30-уми апрел аз ҳудуди муҳосирашудаи корхонаи "Азовсталь" дар шаҳри бандарии Маруполи Украина беш аз 20 зану кӯдак берун шуд.
Святослав Паламар, муовини фармондеҳи низомиёни "Азов" дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, аз соти 11-и рӯзи 1-уми май барои берун шудани ғайринизомиён "оташбас" эълон шуда буд.
Хабаргузории русии ТАСС ҳам хабар додааст, ки 25 нафар ғайринизомиён, ки дар миёнашон 5 кӯдак низ ҳаст, аз корхонаи "Азовсталь" берун шуданд.
Берун кардани ғайринизомиён аз корхонаи "Азовсталь" бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид даст додааст.
Русия корхонаи "Азовсталь"-ро муҳосира кардааст. Дар таҳхонаҳои он садҳо нафар низомиёни "Азов" ва занону кӯдакон қарор доранд. Низомиён ба Русия таслим нашуданд ва эълон карданд, ки муқовимат мекунанд. Владимир Путин, президенти Русия, ҳафтаи гузашта гуфт, ки амалиётро дар "Азовсталь" қатъ кунанд, вале онро чунон муҳосира намоянд, ки "магасе аз он берун шуда натавонад."
Ҷанг дар шаҳри Мариупол ду моҳ боз давом дорад. Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, дар ин шаҳр 20 ҳазор ғайринизомӣ кушта шудааст. Тасдиқи дурустии ин хабар дар шароити ҷангӣ номумкин аст.