Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охундзода аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ҳукумати Толибонро эътироф кунанд


Акси Мулло Ҳайбатулло Оххундзода
Акси Мулло Ҳайбатулло Оххундзода

Раҳбари Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ҳукумати ин гуруҳи тундравро ба расмият бишиносад, то мушкилот дар Афғонистон, ба гуфтаи ӯ, “дар чорчӯби меъёрҳо, ба гунаи расмӣ ва масъулона ҳал шавад”.

Мулло Ҳайбатулло Охундзода ин хостро дар бахше аз паёмаш ба муносибати Иди Рамазон матраҳ кардааст. Паёми ӯ 29-уми апрел нашр шуд.

Аз ҳокимияти дубораи Толибон дар Афғонистон беш аз ҳашт моҳ сипарӣ мешавад, аммо ҳеч кишваре ҳанӯз ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Ташкили ҳукумати ҳамашумул ё фарогир ва риояи ҳуқуқи занону духтарон аз ҷумлаи хостҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон аст.

Ҳукумати Толибон эълон карда буд, ки рӯзи 23-юми марти имсол дари мактабҳоро ба рӯйи духтарон мекушояд, аммо ба ваъдааш наистод. Ин рафтори Толибон дар дохил ва беруни Афғонистон вокунишҳои густардаро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG