Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои низомии СПАД моҳи октябр баргузор мешаванд


Машқи низомӣ дар Қазоқистон
Машқи низомӣ дар Қазоқистон

Нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон ба баргузории машқҳо бо кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) омода мешаванд.

Дар Вазорати дифои Қазоқистон гуфтанд, "тамринҳо таҳти унвони "Ҳамкорӣ - 2022" моҳи октябри имсол дар ҳудуди Қазоқистон баргузор мешаванд".

Ин вазорат гуфтааст, машқҳои СПАД таҳти унвони "Сарҳад - 2022" дар ҳудуди Тоҷикистон ва таҳти унвони "Бародарии халалнаёбанда - 2022" дар Қирғизистон доир хоҳанд шуд.

"Ин чорабиниҳо ба тақвияти омодагии низоми амнияти дастҷамъии СПАД ба иҷрои вазифаҳои таъйиншуда равона шудааст," -- хабар доданд дар Вазорати мудофиаи Қазоқистон.

СПАД соли 1992 таъсис ёфта, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви он ҳастанд.

Дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев аз СПАД мадади низомӣ хост ва нерӯҳои созмон ба он кишвар рафтанд. Ҷомеаи Қазоқистон ин дархости Тоқаевро танқид кард.

Размоишҳои охири СПАД дар соли 2021 таҳти унвони "Бародарии ҳарбӣ" дар Тоҷикистон баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG