Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин сафирашро дар Тоҷикистон дигар кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин. Акс аз бойгонӣ

Ҷӣ Шумин сафири нави Чин (Хитой) дар Тоҷикистон таъин шудааст. Қарорро дар ин бора рӯзи 29-уми апрел содир карданд. Аз соли 2019 то ин дам Лю Бин сафири Чин дар Тоҷикистон буд.

Чин солҳои охир ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Соли гузашта додугирифти ду кишвар аз ҳадди 1,5 миллиард доллар гузашт. Бахши асосии қарзии хориҷии Тоҷикистон низ аз Чин аст.

Намояндагони созмонҳои мухолифин пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои вобастагии шадид аз Чин танқид мекунанд, аммо мақомот мегӯянд, дар муносибат бо кишварҳо "ҳадди" худро медонанд.

XS
SM
MD
LG