Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норов муовини аввал шуд, аммо вазифаи вазирро иҷро мекунад


Владимир Норов ноиби аввали вазири корҳои хориҷии Узбекистон таъйин шуд. Иҷрои вазифаҳои вазирро муваққатан ба дӯши ӯ гузоштаанд. Норов дар солҳои 2006-2010 вазири корҳои хориҷии Узбекистон буд.

Абдулазиз Комилов, ки то чанде пеш вазири корҳои хориҷии Узбекистон буд, аз мақом барканор ва муовини котиби Шӯрои амнияти он кишвар таъйин шудааст.

Комилов бори охир дар мазҳари ом рӯзи 17-уми марти имсол ҳозир шуда буд. Он замон Комилов мавқеи Узбекистонро дар баробари вазъи Украина шарҳ дод.

"Узбекистон истиқлол, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетскро эътироф намекунем", - гуфта буд вазири корҳои хориҷии Узбекистон.

Абдулазиз Комилов дар аввали соли 2013 вазири корҳои хориҷии Узбекистон шуда буд.

XS
SM
MD
LG