Шатранҷбозон тоҷик дар ду мусобиқаи байналмилалӣ – яке ба хотираи аввалин гроссмейстери Осиёи Марказӣ Георгий Аъзамов ва дигаре Ҷоми Амир Темур, ки рӯзҳои 3-15-уми май дар Тошканди Узбекистон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми апрел, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мусобиқоти пурнуфуз иштироки 20 гроссмейстер ва 20 устоди байналмилалӣ дар назар аст.
Ӯ афзуд, “Тоҷикистонро шатранҷбозони ҷавону моҳир, ба мисли Мутриба Ҳотамӣ, Меҳриддин Шарифов, Рухшона Саидова ва Ҷалолиддин Илҳомӣ, намояндагӣ мекунанд. Мо онҳоро ба шаҳри Тошканд барои он сафарбар кардаем, ки аз шатранҷбозони машҳур таҷрибаи хуб касб намоянд. Баъдан, аз 16-ум то 21-уми май дар шаҳри Турсунзода мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни мардон ва занон доир мегардад. ”
Ба гуфтаи оқои Юнусов, мусобиқоти асосии имсола Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мебошад, ки моҳи июл дар Ҳиндустон доир мегардад. Дар ин чорабинии бузург иштироки шатранҷбозони маъруфи тоҷик, ба монанди гроссмейстер Фаррух Амонатов, устоди байналмилалӣ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва дигарон дар назар аст.
Бояд гуфт, ки барои рушди минбаъдаи шоҳмот дар Тоҷикистон мушкилиҳои зиёд мавҷуданд. “Мушкили асосӣ ин набуди ҷойгоҳ ва ё Маркази муташаккили шоҳмот аст. Баъди тахриб кардани бинои мактаби махсуси захираҳои олимпӣ оид ба шоҳмоту шашка, ки дар Боғи марказии фарҳангу фароғати Душанбе (ҳоло Боғи устод Рӯдакӣ) ҷойгир буд, ягон ҷойгоҳи дигар ба мо пешниҳод нашудааст. Умед мебандем, ки дар ҳалли ин мушкилӣ ба мо ҳукумати шаҳри Душанбе кӯмак хоҳад кард”, - иброз дошт Илҳом Юнусов.