Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Узбекистону Қирғизистон гузаргоҳҳои нав боз мешавад


Марзи Узбекистон ва Қирғизистон.
Марзи Узбекистон ва Қирғизистон.

Иҷрокунандаи вазифаҳои вазири умури хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубоев хабар дод, ки қарор аст, соли 2022 дар марзи ин кишвар бо Узбекистон 3-4 гузаргоҳи нав боз шавад.

Вакили порлумони Қирғизистон Элдар Сулаймонов 27--уми апрел дар ҷаласаи порлумонӣ гуфт, дар деҳаи Чекобод, миёни ноҳияҳои Аравани вилояти Ӯш ва Марҳамати вилояти Андиҷони Узбекистон як дидбонгоҳ буд, ки ҳоло бастааст.

"Тибқи иттилои дарёфтӣ, як ҳайати 40-нафарии Узбекистон барои боз кардани марзҳо ба Қирғизистон меояд, аз шумо хоҳиш мекунем, ба онҳо кумак кунед", - афзуд вакил.

Жээнбек Кулубоев дар посух гуфт, ки ин масъала дар мулоқоти сарвазирони ду кишвар баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG