Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистонро дар додситонӣ бозпурсӣ карданд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон аз бозпурсӣ дар Додситонии кулли кишвараш берун шуд. Дар ин бора аз маркази матбуотии додситонӣ хабар доданд. Ҷабборов дар робита ба ҳаводиси моҳи июни соли 2010, ки дар ҷануби Қирғизистон рух дода буд, ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шудааст.

То инқилоби апрелии соли 2010 дар Қирғизистон Ҷабборов мудири Оҷонси пешгирии фасоди Хадамоти давлатии кадрҳои он кишвар буд.

Ахиран Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар низ дар доираи парвандаи марбут ба ҳаводиси моҳи июни ҷануби Қирғизистон бозпурсӣ шуд.

Як соли пеш мақомоти интизомии Қирғизистон хабар доданд, ки парвандаҳои марбут ба ҳаводиси соли 2010 дубора тафтиш мешаванд. Ин парвандаҳо ба аъмоли аъзои Ҳукумати муваққати Қирғизистон рабт доранд. Дар додситонии Қирғизистон гуфтанд, ки дар маҷмух 15 кас - мансабдорони пешин ва амалкунандаро бозпурсӣ хоҳанд кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳаводиси моҳи июни соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон 446 кас кушта ва қариб ду ҳазор каси дигар ҷароҳат бардошта буд. 19 тан то кунун бенишон аст.

XS
SM
MD
LG