Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба Украина кӯмаки башарӣ мефиристад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Туркманистон гуфтанд, ки ба Украина кӯмаки башардӯстона мефиристанд.

Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, кӯмаки башардӯстона дар давоми чанд рӯзи боқимондаи моҳи апрел ирсол хоҳад шуд.

Вазорати хориҷаи Туркманистон гуфтааст, ки кӯмаки башариаш аз дору ва дигар дастгоҳҳои табобатӣ иборат аст.

Дар расонаҳои Туркманистон вазъи атрофи Украина, ҳамлаи Русия ба он кишвар инъикос намешавад. Мақомоти Туркманистон талош доранд, ки робитаҳоро бо Русия нигаҳ доранд ва тақвият бахшанд.

XS
SM
MD
LG