Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ҳам дар рӯзи 9 май паради низомӣ баргузор намекунад


Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Муовини сардори Раёсати Вазорати мудофиаи Узбекистон дар умури тарбия ва идеологӣ 25--уми апрел гуфт, дар рӯзи 9-уми май баргузории паради низомӣ дар нақша намебошад.

Мамадалиев афзуд, ки дар он рӯз баргузории чорабиниҳои бахшида ба эҳтироми пиронсолон дар назар аст.

Намояндаи Вазорати дифои Узбекистон изҳор дошт, ки кишвараш ду соли ахир паради низомӣ баргузор намекунад.

Ахиран Қирғизистон ва Қазоқистон низ эълом карданд, ки дар рӯзи 9 майи соли равон паради низомӣ баргузор намекунанд.

XS
SM
MD
LG