Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болот Темиров аз шурӯи тафтиши ҳуҷҷатҳояш хабар дод


Болот Темиров
Болот Темиров

Болот Темиров, рӯзноманигори қирғизистонӣ, таҳти унвони "Посух ба шахсони аввал" навори видеоӣ нашр кард.

Дар ин навор рӯзноманигор мегӯяд, соли 2006 фаъолияти хабарнигориро шуруъ карда, баъди он ба кор дар мақомоти давлатӣ даъват шуд.

"Маро ба кор дар "Кохи Сафед" дар мақоми ходими бахши иттилоотии котиботи президент даъват карданд. Ман ҳуҷҷатҳоямро супоридам ва мақомот онҳоро омӯхта буданд", - гуфт Темиров.

Вай рӯзи 18-уми апрел таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи ширкати писари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар тендерҳои давлатӣ нашр кард.

Рӯзи 19-уми апрел мақомот хабар доданд, ки нисбати Темиров парвандаҳои нав дар бораи "Тақаллуби ҳуҷҷатҳо" ва "Убури ғайриқонунии марз" кушода шудааст. Темиров мегӯяд, ба хотири фаъолиятҳои касбиаш таъқиби ҷиноӣ мешавад.

Дар моҳи январ нисбати Темиров бар асосии моддаи нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир парванда боз карда буданд. Он замон низ вай дар бораи Қамчибек Тошиев таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буд.

Тошиев айбҳои эъломкардаи мақомоти Қирғизистон рад ва парвандаҳоро беасос номид.

XS
SM
MD
LG