Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман кӯдакӣ надоштам." Доғҳои дили арӯсони ноболиғ. ВИДЕО


Бар асоси иттилои Маркази омори Эрон, танҳо дар семоҳаи соли 2021 дар ин кишвар издивоҷи духтарони ноболиғ 32 дар сад афзудааст. Дар ҳамин давра 172 духтари аз 10 то 14-сола, бештар аз 3 ҳазор духтари аз 15-то 19-сола талоқ гирифтаанд.

Эрон яке аз он кишварҳои дунёст, ки дар минтақаҳои дурдасташ издивоҷи кӯдакон ҳанӯз роиҷ аст ва сабаби онро ақидаҳои иртиҷоӣ ва фақру камсаводӣ медонанд.

Дар Тоҷикистон издивоҷи духтарони то ҳаждаҳсола манъ аст, вале додгоҳҳо бар пояи дархост ва дар пайванд ба вазъу шароит ба издивоҷи духтарони 16 ва 17-сола низ иҷозат медиҳанд.

Ду зани эронӣ дар навор нақл карданд, ки издивоҷи бармаҳал ба сари онҳо чӣ мусибате овардааст. Номи занҳо фош нашуда, садояшон дар навор тағийр дода шуд.

“Аз бачагиям ба мисли духтарони бузург бо ман рафтор карданд. Аз 8-9-солагӣ хостгор доштам. Тарафи домод омад, фикр кард, ки 25 ё 30-сола ҳастам. Ҳамсояамон гуфт, духтаратон ин қадар мисли хонум рафтор мекунад, ки синнаш зиёд ё пирдухтар аст. Ба ман иҷоза намедоданд, ки бозӣ ва хушҳолӣ кунам. Фикр мекарданд, духтари калонам,” – нақл кард яке аз онҳо.

Хонуми дигар мегӯяд, бо гузашти солҳои зиёд ҳасрати кӯдакӣ дар дилаш мондааст: “Ҳанӯз навҷавон будам, вале исрори хонавода боис шуд, ки ба ин издивоҷ тан бидиҳам. Хеле сахт буд. Мисли он ки ки як сангро бардорӣ ва ба дарё биандозӣ. Ман ҳанӯз бо арӯсакам нишаста, бозӣ мекунам, ҳарф мезанам. Бачагӣ накардам, дилам барои кӯча, барои дӯстон, барои ҳамсинфонам танг мешавад.”

Видеоро дар инҷо бинед:

"Арақ мехӯрд, баъд маро мезад"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Бар асоси омори соли 2020 арӯсони ноболиғ дар Эрон пайваста ситам мебинанд ва 70 дар сади издивоҷ бо ин духтарон бо талоқ меанҷомад.

“Ба хонаи шавҳарам рафтам. Бо ин синни хурд ба корҳои шавҳарам мерасидам, нозашро мекашидам, қурбону садқааш мешудам. Мегуфт, мардум пушти сари мо гап мезананд. Дар хона нишаста, машрубот, виски, арақ мехӯрд ва баъд маро мезад. Мегуфт, намехоҳам касе ба ту нигоҳ кунад. Он қадар маро зад, он қадар сахтӣ кашидам, ки дар 5 ё 6 моҳ 60-сола шудам. Аз ҳама чиз гузаштам ва талоқамро гирифтам. Як тавре зиндагиам табоҳ шуд, ки алъон агар якеро бихоҳам дӯст дошта бошам, наметавонам, намешавад,” – нақл карда яке аз ин занон.

Духтароне, ки пеш аз 18-солагӣ шавҳар мекунанд, аксаран мактабашон ниматамом мемонад.

“Ман агар фарзанддор шавам ва духтар бошад, ҳеч гоҳ ин тавр бо ӯ рафтор намекунам. Ҳеч вақт. Яъне коре мекунам, ки ҳарчӣ дилаш мехоҳад, ҳар орзуе дорад, барояш бароварда кунам. Коре мекунам, ки дарс бихонад, ба донишгоҳ равад, аз бачагиаш лаззат бибарад, аз навҷавониаш, аз ҷавониаш. Намехоҳам, ки мисли ман ҳасрат дар дилаш бимонад.”

“Агар ман бармегаштам, ба он даврон, ки 15-16-сола будам, сад дар сад дарсҳоямро мехондам ва дар зиндагӣ ба ҳадафам фикр мекардам,” – мегӯяд зани дигаре.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG