Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамарӯза 20 ҳазор духтари ноболиғ издивоҷ мекунад


Дар як гузориши муштараки созмони бритониёии «Save the Children» ва Бонки ҷаҳонӣ бо номи “Издивоҷҳои бармаҳалро поён диҳед: Қонуни издивоҷҳои бармаҳал ва маҳдудиятҳои он”, ки дар остонаи "Рӯзи байналмилалии духтарон" нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳар рӯз дар ҷаҳон 20 ҳазор духтаре, ки тибқи қонунҳои миллии кишварҳояшон синашон барои издивоҷ нарасидааст, ба шавҳар дода мешаванд.

Издивоҷҳои бармаҳал ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани духтарҳо мебошад

Ин гузориш мегӯяд, ба сурати умум, солона ҳафтуним миллион духтар ба таври ғайриқонунӣ ба шавҳар дода мешаванд ва ба иловаи ин, наздик ба 100 миллион духтар аз сӯи қонунҳои кишварҳояшон ҳимоят

намешаванд.

Амалӣ нашудани қонунҳо аз як тараф ва ноҳамоҳангӣ байни қонунҳои миллӣ, урфӣ ва мазҳабӣ, бахши дигаре аз ин мушкил гуфта шудааст. Ин гузориш мегӯяд, ки суннатҳо ва эътиқодҳои амиқи решадор ба ин маънӣ аст, ки раҳбарони суннатии ҷомеаҳо ҳанӯз ҳам аз ин амал ҳимоят мекунанд.

Сини издивоҷ бар пояи қонунҳои байналмилалӣ аз 18 сол боло мебошад. Издивоҷи бармаҳал тибқи қонунҳои байналмилалӣ нақзи ҳуқуқ ва хушунат алайҳи духтарон ба ҳисоб меравад. Тибқи ин гузориш, бисёре аз кишварҳо ҳанӯзиин ҳуқуқи духтаронро нодида мегиранд ва издивоҷҳои бармаҳал дар ин кишварҳо вуҷуд дорад.

Ин гузориш мегӯяд, ки ин падида ҳанӯз ба таври густурад дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ роиҷ аст ва 73 дарсади духтарони аз 10 то 17 сола дар ин минтақаҳо, аз сӯи қонун ҳимоят намешаванд. Дар Осиёи Ҷанубӣ ҳам ин мизон боло будааст.

12 дар сади издивоҷҳои пеш аз мӯҳлати духтарҳо дар Тоҷикистон

Дар солҳои гузашта, издивоҷҳои бармаҳал дар Тоҷикистон низ ба таври қобили мулоҳиза ҷой дошт. Дар гузориши соли гузаштаи Созмони бритониёии "Наҷоти кӯдакон", дар Тоҷикистон аз миёни духтарони 20-24-солаи оиладор, 12 дарсадашон то 18-солагӣ никоҳ кардаанд.

Панҷ сол пеш, аз рӯи ҳисобҳои таҳқиқоти демографӣ ва беҳдоштие, ки натиҷаҳои онро Дафтари нуфусшумории​ аҳолии СММ (UNFPA) нашр карда буд, дар 15 дарсади ҳолатҳо духтарҳои тоҷик то 18-солагӣ оила барпо кардаанд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар издивоҷҳои бармаҳалро ҳамчун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда мегӯянд, чунин издивоҷҳо ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳост. Илова ба ин, издивоҷҳои бармаҳал ба зеҳну равони духтарҳо таъсири манфӣ гузошта, онҳоро аз хурдсолӣ зери бори масъулияти оиладорӣ, муносибат бо хешовандони ҳамсар ва гирудорҳои хонаводагӣ мегузорад. Ҳолатҳои дучори хушунат шудани ин гурӯҳи духтарҳо ҳам, ки як сабабаш ноомодагӣ ба равобити ҷинсӣ ва ҳаёти оилавӣ мебошад, кам нест.

Ширин: "Ҳоло падарам пушаймон аст, вале чорае надорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG